Вакилони мудофеи Трамп зидди ин сана баромад карданд. Онҳо гуфтанд, ҳама гуна муҳокимаи додгоҳӣ бояд баъди интихоботи президентӣ дар моҳи ноябри соли 2024 таъйин шавад.
Рӯзи 9 июн додгоҳи ИМА нисбати Трамп дар асоси 37 банд айб эълом кард. Президенти пешини ИМА дар нигаҳдории ғайриқонунии ҳуҷҷатҳои махфӣ ва тавтиа бо ҳадафи монеи адолати додгоҳӣ шудан айбдор мешавад.
Миёни бандҳои айбнома - ихтиёрдории ғайриқонунии иттилои марбут ба мудофиаи миллӣ низ ҳаст. Додситони федеролии ИМА гуфт, Трамп даҳҳо ҳуҷҷати махфиро дар манзилаш пинҳон кардааст.
Трамп бори дувум буд, ки ба ҳайси айбдоршаванда дар содир кардани ҷиноят дар додгоҳ ҳозир шуд. Бори аввал моҳи апрел ӯро дар додгоҳ муҳокима карданд. Он замон вай дар тақаллуби аснод айбдор мешуд.