Бино ба гузориши Eurasianet, бостоншиносон дар манотиқи аҳолинишини ҷануби Осиёи Марказӣ пӯсти тухм ва устухонҳои нозук пайдо кардаанд.
Ҳамчунин тухмҳо дар санъати ҳазорсолаҳо, ки дар Осиёи Марказӣ пайдо гаштаанд, нишон дода шудаанд.
Гуруҳе таҳти раҳбарии Роберт Шпенглер аз Пажӯҳишгоҳи омӯзиши таърихи башарияти ба номи Макс Планк намунаҳои пусти тухмро, ки дар 12 макони бостоншиносии Узбекистон ва Тоҷикистон ёфт шудаанд, мавриди санҷиш қарор доданд. Тақрибан дар ҳамаи ин ҷойҳо, аз ҷумла дар маҳаллаи Боштеппаи Бухорои муосири Ӯзбекистон пӯсти тухм ёфт шудааст, ки ба соли 200 пеш аз милод рост меояд.
Пажӯҳиш нишон дода, ки гӯшти мурғ дар бисёре аз шаҳрҳои бузурги канори "Роҳи абрешим" истеъмол мешудааст.