Ссылки доступа

Додситони кул: "Касе ба давлат, миллат ва президент хиёнат мекунад, ҷавоб медиҳад"


Hamrohkhon Zarifi, Akbarshoh Iskandarov, Saidjafar Usmonzoda, Ahmadshoh Komilzoda, Shokirjon Hakimov
Hamrohkhon Zarifi, Akbarshoh Iskandarov, Saidjafar Usmonzoda, Ahmadshoh Komilzoda, Shokirjon Hakimov

Додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки нисбати шуморе аз чеҳраҳои шинохта парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ин ниҳод ба далели "муҳри махфӣ" доштани ин парвандаҳо, аз ироаи ҳама гуна ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 9-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода, вакили пешини порлумон ва собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини аввали раиси Ҳизби демократ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, аз ҷониби Додситонии кул мавриди тафтиш қарор доранд.

Додситони кул дар пайванд ба ин парвандаҳо гуфт, "сирри тафтишот бо муҳрӣ махфӣ идома дорад. Бинобар фош нашудани сири тафтишот, ба шумо чизе гуфта наметавонам".

"Як чизро мегӯям, касе ки ба давлат, ба миллат, ба президент хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад, новобаста ба он ки чӣ вазифа дорад ва дар гузашта чӣ вазифа ишғол карда буд",- афзуд Юсуф Раҳмон.

Ӯ дар посух ба ин пурсиш, ки "оё ин парвандаҳо бо ҳам рабт доранд", посух дод, ки, "бале ва дар алоқамандии зич қарор доштанд".

Боздошти ин афрод дар моҳи июн дар пайи нашри як хабари расмӣ дар хабаргузории "Ховар" оғоз шуд. Додситонӣ рӯзи 14-уми июн хабар дод, ки Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 12-уми июн дастгир шуд. Бо пешниҳоди Додситонии кул, рӯзи 14-уми июн ӯро аз дахлнопазирӣ маҳрум карданд.

Юсуф Раҳмон Усмонзодаро ба ҳамкорӣ бо раҳбарони созмони мамнӯи ПМТ ва барои маслиҳати пешакӣ ҷиҳати ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон муттаҳам кард. Дар рӯзҳои баъдӣ афроди дигар, аз ҷумла, Ҳароҳхон Зарифӣ, Акбаршоҳ Искандаров ва Аҳмадшоҳ Комилзода ба бозпурсӣ даъват ва боздошт шуданд.

Охирин фарде, ки дар ин парванда боздошт шуд, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, Шокирҷон Ҳакимов рӯзи ҷумъаи 12-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуд ва "аз тарафи муфаттиш ба ҳабс кашида шуд".

Ҳанӯз назари худи боздоштшудаҳо, наздикон ва вакилони дифои онҳо дар мавриди гуфтаҳои Додситони кул маълум нест.

Наздикони афроди боздоштшуда мегӯянд, аз рӯзи боздошт то кунун муваффақ нашудаанд, ки онҳоро бинанд. Онҳо мегӯянд, аксари вакилони дифоъ пешниҳодро барои ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои наздикони боздоштшудаашон ба дӯш намегиранд. То кунун на ҳама боздоштшудаҳо вакили дифоъ доранд.

Ҳамчунин наздикони боздоштшудаҳо ба далели фишор аз зикри номашон худдорӣ мекунанд ва ҳувияти вакилони дифои пайвандонашонро ошкор намекунанд.

Радиои Озодӣ бар асоси иттилои манбаъҳои худаш маълум кард, ки ба ҷуз вакили дифои давлатӣ, дар ҳоли ҳозир танҳо Акбаршоҳ Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимов вакилони дифои мустақил доранд. Аммо вакилони дифоъ бо рӯзноманигорон ва расонаҳо суҳбат намекунанд.

То кунун вакилони дифоъ муваффақ нашудаанд, ки бо зерҳимояҳои худ дар боздоштгоҳ мулоқот кунанд. Ба гуфтаи як манбаъ аз мақомоти Тоҷикистон, дар ҷараёни бозпурсиҳо танҳо вакили дифои давлатӣ ширкат мекунад, аммо ба далели махфӣ будани парванда ҷузъиёти он расонаӣ намешавад.

Пайвандони афроди боздоштшуда мегӯянд, то кунун ҳеч иттилое дар бораи шароиту будубош, вазъи саломатӣ ва чигунагии тафтиши қазия надоранд. Бархе аз наздикони афроди боздоштшударо дар пайванд ба ин қазия мақомот бозпурсӣ кардаанд, аммо аз онҳо забохат гирифта шудааст, ки ҷузъиётро махфӣ нигоҳ доранд.

XS
SM
MD
LG