"Ба хонандагон иҷозат дода намешавад, ки бо мошини шахсӣ ба муассисаи таҳсилоти умумӣ биёянд", - омадааст дар моддаи 10 қонун. Муаллифони қонун гуфтанд, ин модда ҳам мошинҳои шахсӣ ва ҳам мототсиклҳоро мадди назар дорад.
Маълум нест, ҳадафи қабули ин қонун чист. Аммо дар Тоҷикистон солҳост, ки талош мешавад, ҳамаи хонандагон: аз оилаҳои дорову нодорро баробар кунанд. Пештар аз ин дар Тоҷикистон либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шуд, ки низ ҳадафаш ин буд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба қонуни мазкурро 1 марти соли 2024 имзо кард. Тағйироти муҳим дар ин қонун ҳатмӣ шудани маълумоти миёнаи умумӣ аст. Акнун ҳар хонанда бояд мактабро ба пуррагӣ хатм кунад ва ё баъди синфи 9 ҳатман дар техникум ё коллеҷ таҳсилашро давом диҳад.