Ссылки доступа

Афғонистонро дар Бозиҳои олимпӣ танҳо мардон намояндагӣ мекунанд


Гуруҳи "Толибон" гуфтааст, ба духтарони варзишкор иҷозат намедиҳад, ки дар ҳайати мунтахаби Афғонистон дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кунанд.

Масъулони Толибон гуфтаанд, Афғонистонро дар ин бозиҳо танҳо мардони варзишкор намояндагӣ хоҳанд кард.

Қаблан Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо Кумитаи миллии олимпии Афғонистон, ки аксари аъзои он дар хориҷ ба сар мебаранд, машваратҳоеро анҷом дода буд.

Дар пайи ин машваратҳо аз 6 варзишкор, се мард ва се зани афғонистонӣ даъват шуда буд, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж иштирок кунанд.

Масъули ҳукумати Толибон дар умури варзиш ба расонаҳо гуфтааст, Афғонистонро танҳо мардон метавонанд дар бозиҳои олимпӣ намояндагӣ кунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, варзиш барои занон дар он кишвар манъ карда шудааст.

XS
SM
MD
LG