Ссылки доступа

ВКД Русия ихроҷи муҳоҷиронро бар асоси 20 банди дигар пешниҳод кард


Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод кардааст, ки механизми ихроҷи муҳоҷирони корӣ бар асоси 20 банди дигари Кодекси ҷиноии ин кишвар роҳандозӣ шавад.

Хабаргузории "Интарфакс" бо истинод ба вазорат иттилоъ дода, ки бештари ин бандҳо ба ҳифзи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар бахши тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди ифротгароӣ нигаронида шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, пешниҳоди онҳо самаранокии ихроҷи иҷбории шаҳрвандони хориҷиро аз Русия афзоиш медиҳад.

Дар ВКД Русия гуфтаанд, бештари санадҳои маъмурие, ки зидди муҳоҷирони корӣ тартиб дода мешавад, ба риоя накардани амри қонунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сӯиқасд ба тартиботу амнияти ҷамъиятӣ ва ифротгароӣ марбут аст.

"Ин далелҳо дар ҷомеаи Русия ба таври густарда баррасӣ шуда, ба афзоиши ташаннуҷи иҷтимоӣ дар миёни аҳолии бумии Русия ва ташаккули муносибатҳои манфӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат мекунанд", - изҳор доштаанд масъулони вазорат.

Ба иттилои расмӣ, шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия солона ба ҳисоби миёна 235 ҳазор қонуншикании маъмурӣ анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG