Ссылки доступа

Толибон бо як ширкати қазоқӣ дар бахши роҳи оҳан қарордоди ҳамкорӣ бастааст


Телевизиони "Tolonews" хабар додааст, ки гуруҳи Толибон бо ширкати қазоқии "Mansour Fatih" барои хидматрасонӣ дар масири роҳи оҳани Мазори Шариф-Хайратон созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.

Ин роҳи оҳани 75-километрӣ маркази тиҷории шимоли Афғонистонро бо марзи Узбекистон мепайвандад. Роҳи мазкурро ширкати давлатии “Ӯзбекистон темир йӯллари” соли 2010 асосан бо пули Бонки осиёии рушд бунёд ва барои нигоҳдории он ширкати фаръии “Суғдиён Транс”-ро таъсис дод.

“Суғдиён Транс” тибқи созишномаи соли 2011 ҳамасола барои хидматрасонӣ дар 22 километр роҳи оҳан дар наздикии шаҳри Хайратон 15 миллион доллар дарёфт мекард. Ширкати қазоқӣ ҳоло барои хидматрасонӣ дар 106 километр роҳ солона 4,1 миллион доллар мегирад.

Ҳаминтариқ Толибон барои нигоҳдории роҳе, ки панҷ баробар бештар аст, себаробар пули камтар медиҳанд.

Мошини кормандони "Суғдиён Транс" соли 2020 дар наздикии Хайратон мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта буд. Дар натиҷа як шаҳрванди Узбекистон захмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG