Қарори ахир дар пасманзари маъракаи эмкунии кудакон дар моҳи сентябр расонаӣ мешавад. Худи Толибон ин қарорро шарҳ надодааст ва намояндагонаш низ ҳозир нашуданд, ки дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунанд.
Хабаргузории “Associated Press” навиштааст, Афғонистон ва Покистон ду кишваре мебошанд, ки дар пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории марговар натавонистаанд муваффақ шаванд. Ба эҳтимоли зиёд, қарори ахири Толибон метавонад паёмадҳои манфиеро барои кишварҳои минтақа дар пай дошта бошад.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ карда, ки соли равон дар Афғонистон 18 ҳолати гирифторӣ ба бемории фалаҷи кудаконро сабт кардааст.