Ссылки доступа

Ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Татяна Котляр 1,5 соли зиндон талаб карданд


Мақомоти додситонии Русия барои ҳомии ҳуқуқи 72-солаи муҳоҷирон Татяна Котляр 1,5 соли зиндон талаб кардаанд.

Ӯро бо айби сабти дурӯғини шаҳрвандони Русия ва ё шаҳрвандони хориҷӣ ба додгоҳ кашидаанд. Қарор аст, имрӯз 18 март додгоҳ ҳукмашро эълом кунад.

"Даҳшатовар нест, вале ман бо ҳамсарам зиндагӣ мекунам, ки вай роҳ гашта наметавонад. Ӯ ба нигаҳдорӣ ниёз дорад, танҳо монда наметавонад", - гуфт ин ҳомии ҳуқуқ.

Котляр - роҳбари бахши калужии ҳаракати "Барои ҳуқуқи инсон" аст. Вай бо ин амалаш маъруф аст, ки мудовим афродеро дар манзилҳояш сабти ном мекунад, ки наметавонад, қайди ҷойи зистро дар Русия пайдо кунанд. Пештар ин ҳомии ҳуқуқро барои амали мазкураш чанд маротиба ҷарима бастаанд. Моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳ ба ӯ амр дод, ки дигар бештар аз шаш касро дар манзили худ сабти ном накунад.

"Ман одамонро барои кумак расонидан ба онҳо сабти ном мекунам. Бидуни сабти ном ҳатто шаҳрвандони Русия ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Барои ҳамин маро ба додгоҳ кашидаву муҳокима мекунанд", - гуфт ҳомии ҳуқуқ.

XS
SM
MD
LG