Дар ин бора Sota хабар медиҳад. Додгоҳ дар баробари ҷарима ба Котляр дастур додааст, ки дигар муҳоҷиронро дар манзили зисти худ ба қайд нагирад.
Татяна Котляр дар суҳбат бо Sota гуфтааст, нигарон аст, ки додситонӣ ба ҳукми додгоҳ эътироз карда, ҳукми сангинтар талаб хоҳад кард.
Қаблан додситон барои Татяна Котляр 1,5 соли зиндон талаб карда буд.
Котляр - роҳбари бахши калужии ҳаракати "Барои ҳуқуқи инсон" аст. Вай бо ин амалаш маъруф аст, ки мудовим афродеро дар манзилҳояш сабти ном мекунад, ки наметавонад, қайди ҷойи зистро дар Русия пайдо кунанд. Пештар ин ҳомии ҳуқуқро барои амали мазкураш чанд маротиба ҷарима бастаанд. Моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳ ба ӯ амр дод, ки дигар бештар аз шаш касро дар манзили худ сабти ном накунад.
"Ман одамонро барои кумак расонидан ба онҳо сабти ном мекунам. Бидуни сабти ном ҳатто шаҳрвандони Русия ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Барои ҳамин маро ба додгоҳ кашидаву муҳокима мекунанд", - гуфт ҳомии ҳуқуқ.