Ссылки доступа

Тайван ба далели размоишҳои Чин тавонмандии ҷангияшро тақвият бахшид


Мақомоти Тайван ба далели тамринҳои эълонношудаи Чин дар пасманзари сафари раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба ин ҷазира сатҳи омодагии ҷангиро боло бурданд.

Вазорати умури хориҷии Чин ҳушдор дода буд, ки Пекин сафари ҳайати амрикоиро ба Тайван нақзи соҳибихтиёрии худ медонад ва таҳдид кард, ки он паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.

Тамринҳои низомии Чин дар арафаи сафари ҳайати Конгресси Амрико ба Тайван шуруъ шуданд. Чин дирӯз эълом кард, ки дар шаш минтақаи баҳрии атрофи Тайван машқҳои чаҳоррӯзаи низомӣ баргузор мекунад.

Ҳайати Конгресси ИМА шоми 2 август вориди Тайбэй шуд. Пелосӣ баъди фуруди ҳавопаймо гуфт, "ин сафари ҳайати конгресси ИМА баёнгари тааҳҳуди устувори Амрико барои пуштибонӣ аз демократияи неруманди Тайван аст”.

Чанд соат пас аз ворид шудани раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван Вазорати корҳои хориҷии Чин сафири Амрико дар Пекинро ба ин вазорат даъват кард. Чин эътирози худро ба ин сафар ба сафири ИМА расонидааст. Чин гуфтааст, сафари Пелоси ба Тайван "бисёр хатарнок" аст.

XS
SM
MD
LG