Ссылки доступа

"The Blood Gold": Кремл аз тилое, ки дар Африқо истихроҷ мешавад, миллиардҳо доллар ба даст меорад


Тилое, ки дар кишварҳои африқоӣ истихроҷ ва дар бозорҳои байналмилалӣ фурӯхта мешавад, ба Русия барои ҷанг кардан миллиардҳо доллар даромад овардааст.

Дар ин бора дар гузориши гуруҳи таҳқиқотии маркази таҳлилии "The Blood Gold" ба раҳбарии Ҷессикӣ Берлин, коршиноси робитаҳои африқоӣ-аврупоӣ гуфта шудааст.

Ба иттилои Радиои байналмилалии Фаронса (RFI), таҳқиқотгарон шеваи сармоягузории ширкати хусусии низомии "Вагнер"-ро вобаста ба кишварҳои африқоӣ, ки зархаридонашон дар онҳо ҳузур доранд, муфассал навиштаанд.

RFI бо истинод ба иктишофҳои амрикоӣ иттилоъ дода, ки дар Малӣ ҳудуди 1000 зархариди рус барои мубориза бо гуруҳҳои ҷиҳодӣ ва муҳофизати хунтаи ҳокими низомӣ ҳузур дорад ва ба онҳо дар як моҳ 10,8 миллион доллар пардохт мешавад.

Даромади хунта аз ширкатҳои байналмилалии истихроҷкунандаи тило вобаста аст. Дар миёни онҳо ширкати канадагии "Barrick Gold" ҳам ҳаст, ки андозсупорандаи асосӣ ба шумор рафта, танҳо дар шаш моҳи аввали соли равон ба мақомоти Бамако 206 миллион доллар пардохт кардааст.

"Вагнер" дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҳаққи истихроҷи калонтарин кони тило дар кишварро ба даст овардааст. Он солона аз кони "Ндассима" ба маблағи 290 миллион доллар тило истихроҷ мекунад. Ин гуруҳ дар Судон низ корхонаи коркарди тилоро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG