Ӯ дар ин бора дар анҷумани ҳизб, ки дар шаҳри Милуокӣ баргузор шуд, хабар додааст.
Трамп маъмурияти президент Ҷо Байденро дар ташкили "буҳрони байналмилалӣ", аз ҷумла ҷанги Русия бо Украина ва гуруҳи Ҳамос бо Исроил гунаҳкор кардааст. Трамп гуфтааст, агар ӯ президент мебуд, ин ҷангҳо ҳеч гоҳ сар намезаданд.
"Дар давраи президентии Трамп Русия ҷоеро ишғол накардааст", - изҳор доштааст президенти пешини Амрико.