Ба ин тартиб, Трамп мехоҳад, қарори зинаҳои поёнии додгоҳ бекор шаванд, ки дархости ӯро дар мавриди доштани масуният аз ҷавобгарӣ барои содир кардани қонуншиканӣ дар даврони президентӣ нодида гирифтаанд.
Вакилони мудофеи Трамп ин дархости фавриро рӯзи душанбе ба Додгоҳи олӣ ирсол кардаанд. Чаҳор рӯз пештар аз ин судяҳо ба баррасии як дархости дигари Трамп шуруъ карданд. Дар ин дархост аз қарори Додгоҳи олии аёлати Колорадо шикоят шудааст, ки Трампро аз рӯйхати номзадҳо ба мақоми президентӣ дар интихоботи навбатӣ хориҷ кард. Додгоҳи Колорадо гуфт, Трамп дар соли 2020 талош кард, ки шикасташро бекор созад, ба ин далел ҳақ надорад дар интихоботи навбатӣ ширкат варзад.
Доналд Трамп - нахустин номзадест дар таърихи ИМА, ки ҳангоми довталаб шудан ба интихоботи президентӣ дар додгоҳҳо нисбати вай якбора чанд парванда баррасӣ мешавад. Нисбати вай дар маҷмуъ дар доираи 4 парванда 91 айб эълом шудааст.