Ссылки доступа

Додгоҳи Ню-Йорк имрӯз зидди Трамп айб эълом мекунад


Президенти пешини ИМА Доналд Трамп, ки ба ҷиноят гумонбар аст, имрӯз ба додгоҳи шаҳри Ню-Йорк ҳозир хоҳад шуд. Ӯ нахустин президенти собиқ дар таърихи Амрико аст, ки алайҳаш расман айб эълом мешавад.

Трамп, ки баъди рафтан аз мақоми президентӣ дар шаҳри Флорида зиндагӣ мекунад, имрӯз ба Ню-Йорк меояд, то ба ӯ иттиҳоми расмиро эълон кунанд.

Доналд Трампро ҳайати доварони Ню-Йорк ба пардохти 130 ҳазор доллар ҳаққи сукут ба ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ чанд ҳафта пеш аз интихоботи президентии соли 2016 гумонбар эълон кард.

Трамп иттиҳому қонуншиканиро рад кард ва додситони ноҳияи Манҳеттен - Элвин Брегги демократро ба бадном кардани худ дар остонаи интихоботи соли 2024 айбдор намуд.

XS
SM
MD
LG