Буҳрони демографӣ дар Туркманистон дар пайи муҳоҷирати миллионҳо сокини он кишвар рух додааст. Сокинон ба далели фақр, бекорӣ, фасод ва таъқибҳои сиёсӣ Туркманистонро тарк мекунанд.
Шумориши аҳолӣ, ки дар моҳи декабри соли 2022 баргузор шуд, теъдоди аҳолии Туркманистонро 7 млн 57 ҳазору 841 кас муайян кардааст. Бори охир дар он кишвар соли 2006 шумориши аҳолӣ баргузор шуда буд ва он замон мақомот гуфтанд, ки Туркманистон 6,7 млн аҳолӣ дорад.