Ссылки доступа

Дар Туркманистон Ғарбро танқид ва Кремлро таблиғ мекунанд


Мақомоти Туркманистон рӯ ба таблиғи Кремл оварда, Ғарбро ба ангехтани ҷанг дар Украина айбдор мекунанд ва сокинонро аз “агентҳо”-и хориҷӣ, ки гӯиё кушиши ноором кардани вазъи кишварро доранд, ҳушдор медиҳанд.

Ахиран масъулони Вазорати маориф, пулис ва хадамоти махсуси Туркманистон бо донишҷӯён ва кормандони муассисаҳои вилоятҳои Балкан ва Лебапи ин кишвар вохӯриҳо баргузор карда, аз онҳо хостаанд, ки аз хондани расонаҳо ва фарҳанги ғарбӣ, ки гӯиё ҷавонони туркманро мағзшӯӣ мекунанд, дурӣ ҷӯянд.

"Яке аз манбсадорон дар мулоқот гуфт, агар имрӯз ҷавонони худро аз расонаҳо ва фарҳанги ғарбӣ дур накунем, пас фардо дар Туркманистон ба монанди Украина ҷанг мешавад. Онҳо илова карданд, ки иттилои расонаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ, ки зеҳни ҷавонони моро "заҳролуд" месозанд, сабаби асосии сар задани ҷанг дар Украина мебошад", - изҳор дошт як сокини Лебап, ки дар яке аз вохӯриҳои мазкур иштирок дошт.

Масъулони давлатии Туркманистон ҳамчунин ба иштирокдорони вохӯриҳо ҳушдор додаанд, ки “агентҳо”-и хориҷӣ кушиши ноором кардани вазъро доранд.

XS
SM
MD
LG