Ссылки доступа

Истифодаи мақомоти Туркманистон аз "Фабрикаи троллҳо"


Шаҳрвандони Туркманистон мегӯянд, мақомоти ин кишвар дар пасманзари ҷиддитар шудани баҳсҳо атрофи мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз “троллҳо” истифода мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, Вазорати амнияти милли Туркманистон донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоиро ба ҳамкорӣ даъват мекунад.

Як сокини Туркманистон, ки дар яке аз корхонаҳои давлатии он кишвар ба ҳайси мутахассиси компютер кор мекунад, дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, вақтҳои ахир дар зери хабарҳо дар бораи Бердимуҳаммадовҳо шарҳҳои зиёд навишта мешавад ва дар ҳамаи онҳо аз раҳбарони худкомаи кишвар ситоиш шуда, барои "сулху осоиш дар ҷумҳурӣ" ба онҳо миннатдорӣ баён карда мешавад.

"Тақрибан бештари онҳое, ки шарҳ менависанд, саҳифаҳои беном ҳастанд ва онҳое, ки бо номи худ менависанд, блогерони наздик ба мақомот мебошанд", - изҳор дошт ӯ.

Ҳамсуҳбати радио мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамла ва кушиши тарс додани корбарони норозӣ аз сиёсатҳои ҳукумати Туркманистон афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG