Ссылки доступа

Туркия шабакаи иҷтимоии Инстаграмро баст


Мақомоти Туркия дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Инстаграмро дар он кишвар маҳдуд карданд.

Нашрияи туркии "Hurriyet" иттилоъ дода, қарори масдуд кардани шабакаи мазкурро шурои Туркия дар умурӣ технологӣ ва иртиботот қабул кардааст.

Сабабҳои баста шудани Инстаграм ва то кай идома ёфтани ин маҳдудият гуфта намешавад.

Расонаҳо навиштанд, ки эҳтимол тасмими баъди интиқоди сардори бахши иртибототи маъмурияти президенти Туркия Фахриддин Алтун аз амалкарди Инстаграм гирифта шудааст.

Фахриддин Алтун ахиран шабакаи иҷтимоиро барои ҳазфи ҳамдардиҳо дар робита ба кушта шудани раҳбари сиёсии гуруҳи "Ҳамос" дар шаҳри Теҳрон интиқод карда буд.

Исмоил Ҳания рӯзи 31-уми июл дар Теҳрон кушта шуд. Ӯ барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон, дар Ҷумҳурии Исломӣ қарор дошт.

Гурӯҳи “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом шудааст, мақомоти Исроилро масъули ин ҳамла номид ва ваъда дод, ки онро беҷавоб нахоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG