Ссылки доступа

Туркия дар пешгирии як ҳамлаи террористӣ ба Русия кумак кардааст


Хадамоти махсуси Туркия мақомоти Русияро аз омодагӣ ба як ҳамлаи дигари террористӣ баъди ҳодисаи "Крокус Сити Ҳолл” огаҳ кардаанд.

Нашрияи туркии "Hurriyet" хабар дода, ки террористон мехостанд ба як маркази савдои бузург дар Русия ҳамла кунанд.

Ба иттилои нашрия, ин маълумот дар рафти бозпурсии 5 ҷонибдори шохаи “Хуросон”-и гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба даст омадааст.

"Hurriyet" навишта, ки Хадамоти махсуси Туркия баъди ҳамла ба калисои "Санта-Мария"-и Истамбул дар моҳи январи соли 2024 чандин нафарро бозпурсӣ ва бо мақомоти Русия тамос гирифтаанд.

Ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” шоми 22 март рух дод ва дар он ҳодисаҳо 144 нафар кушта шуд. Як қисми онҳоро ҳамлагарон бо тири туфанг куштанд, вале аксарият дар натиҷаи сӯхтор ва нафасгир шуда ҷон доданд.

Шохаи Хуросони гурӯҳи мамнӯи «Давлати Исломӣ» иддао кард, ки ин ҳамларо ҷангҷӯёни он анҷом додаанд. Дар Ғарб ҳам ба ин иддао бовар мекунанд.

Ҷониби Русия мегӯяд, ки дар пушти иҷрокунандагони ҳамла Украина истодааст. Киев ин иттиҳомҳоро рад кардааст.

Чор нафаре, ки онҳоро иҷрокунандаи бевоситаи ҳамла меноманд, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳамаи онҳо бераҳмона ва ваҳшиёна шиканҷа шудаанд.

XS
SM
MD
LG