Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, ширкати русии "Газпром" розӣ шудааст, ки Туркия то 4 миллиард доллар пули газро дертар пардохт намояд.
Вазири энергетикаи Туркия Фатиҳ Донмез ибтидои моҳи равон хабар дод, ки дар робита ба дертар пардохтани пули газ бо "Газпром" ба созиш расидаанд.
Туркия аз воридоти гази Русия сахт вобаста буда, 39 дарсади гази воридотии он аз Москва харидорӣ мешавад. Нархи сӯзишворӣ дар ҷаҳон пас аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина башиддат боло рафтааст. Илова бар ин, бесуботӣ дар иқтисоди Туркия ба далели чораҳои фаврӣ, ки ҳукумати раисҷумҳур Раҷаб Эрдуғон аз соли 2019 барои таҳкими лираи туркӣ талош дорад, афзоиш ёфтааст. Таваррум дар Туркия охири соли 2021 36 дарсад ва дар соли гузашта 80 дарсад афзоиш ёфтааст.
Туркия 14 май интихоботи президентӣ дорад ва бинобар назарсанҷиҳои ҷомеашиносӣ, Эрдуғон эҳтимол аст, дар интихобот шикаст хӯрад. Шумори ҷонибдорони ӯ ба далели афзоиши таваррум ва гароншавии нархҳо коҳиш ёфтааст.