Ссылки доступа

Туркия ба бузургтарин харидори ангишти он ҳудудҳои Украина табдил шудааст, ки таҳти назорати Москва ҳастанд


Туркия аз моҳи феврал то июли соли 2023 наздики 160 ҳазор тона ангиштро аз он қисматҳои вилоятҳои Донетску Лугански Украина ворид кардааст, ки таҳти назорати Москва ҳастанд.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳадди ақал 10 ширкати русӣ аз ҳудудҳои ғасбшудаи Украина ба Туркия ангишт ирсол мекунанд. Қисме аз ангишт аз бандарҳои Растови лаби Дон ва Новороссийск ирсол мешаванд, ки ин бандарҳо тариқи роҳи оҳан ба Донетску Луганск байваст ҳастанд.

Ба фарқ аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупо Туркия бо ҳудудҳои ғасбшудаи Украина маҳдудияти тиҷорӣ ҷорӣ накардааст. Пештар аз рӯзноманигорон исбот карда буданд, ки ширкатҳои туркӣ аз ҳудудҳои аз назорати Киев хориҷшудаи вилоятҳои Херсону Запороже ангишт мегиранд.

Хабаргузории Reuters мегӯяд, Туркия бар ивази 14,3 млн доллар аз ин ҳудудҳо ангишт ворид кардааст. Ин наздики 1 дарсади маҷмуи содироти ангишти Русияро ба Туркия ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG