Ссылки доступа

Интихоботи президентии Туркия ба даври дувум рафт


Бо шумориши беш аз 98 дарсади орои интихоботи президентии Туркия ба назар мерасад, ки ин интихобот ба даври дувум расид ва ду ҳафта баъд Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Камол Қиличдороғлу бояд бори дигар бо ҳам рақобат кунанд.

Дар ҳоле, ки натиҷаи шумориши оро дар поёни рӯзи гузашта ҳикоят аз пештозии Эрдуғон бо 52 дарсади раъйҳои интихобкунандагон дошт, дар нимашаби душанбе ва бо шумориши 98,31 дарсади раъйҳо, ба зери 50 дарсад коҳиш ёфт ва ба ин тартиб, аксарияти лозимро барои пирӯз шудан дар даври аввали интихобот, аз даст додааст.

Тибқи омори Комиссияи олии интихоботи Туркия, орои Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба 49,34 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз тарафи дигар, орои рақиби аслии ӯ Камол Қиличдороӯғлу то 45 дарсад афзоиш ёфтааст, ки нишон медиҳад интихобот ба эҳтимоли зиёд ба даври дувум кашида хоҳад шуд. Бархе хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, хабаргузории "Рейтерз" навиштанд, ки интихобот ба даври дувум рафтааст.

Дар сурати ба даври дувум рафтани интихобот, он ду ҳафта баъд баргузор хоҳад шуд. Эрдуғон шаби гузашта гуфт, ки агар интихобот ба даври дувум кашида шавад, ба он эҳтиром хоҳад гузошт. Ӯ ки дар байни тарафдоронаш дар Анқара суханронӣ мекард, изҳор дошт, "мо ҳанӯз намедонем, ки оё интихобот дар даври аввал ба поён мерасд ё не.... аммо агар миллати мо тасмим гирифта бошад, ки интихобот ба даври дувум кашида шавад, аз он истиқбол мекунем".

Аз тарафи дигар, Камол Қиличдороғлу низ таъкид кардааст, ки дар даври дувум пирӯз хоҳад шуд ва аз тарафдоронаш хостааст, ки сабур бошанд.

Дар бархе шаҳрҳои сераҳолии Туркия, аз ҷумла Анқара, оқои Қиличдороғлу, намояндаи эътилофи шаш ҳизби кишвар, барандаи интихобот будааст. Тибқи бархе назарсанҷиҳои қабл аз интихоботӣ, Қиличдороғлу бештарин имкони баранда шуданро дошт ва бархе назарсанҷиҳо низ имкони Эрдуғон барои интихоби дигарбора ба мақоми раёсати ҷумҳури Туркияро болотар нишон медоданд.

Комиссияи олии интихоботи Туркия мегӯяд, ки номзади дигар Синон Уғон 5,24 дарсади раъйҳои мардумро аз худ кардааст.

Бар асоси арзёбиҳои расонаҳо, эҳтимол меравад, ки 90 дарсади афроде, ки ҳаққи раъй доданро доранд, дар интихобот иштирок кардаанд. Гузоришҳо мегӯянд, ки навбатпойии тӯлонӣ ва пуриздиҳом дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар 81 вилояти ин кишвар, бесобиқа будааст.

XS
SM
MD
LG