Ссылки доступа

Twitter рамзашро иваз кард


Шабакаи иҷтимоии Twitter рамзи расмиашро аз парандаи кабуд ба ҳарфи сиёҳи X иваз кард. Пештар молики ин шабака Илон Маск дар бораи тағйири рамз хабар дода буд.

"Ба зудӣ мо бо рамзи Twitter видоъ мегӯем ва марҳила ба марҳила бо ҳамаи парандаҳо", - навишта буд Илон Маск. Вай илова кард, ки рамзи нав маънои "нокомилиро дорад, ки моро беназир месозад". Рамзи парандаи кабуди ширкат соли 2012 қабул шуда буд.

Дар доираи тағйири рамзи шабака ранги он низ ба сиёҳ табдил дода мешавад. Суроғаи нави шабака x.com ном мегирад.

Илон Маск молики ширкатҳои Tesla ва SpaceX шабакаи иҷтимоии Twitter-ро тирамоҳи соли 2022 бар ивази 44 млрд доллар харид. Ҳанӯз то харидории шабака Маск гуфта буд, ки онро барои таъсиси низоми Х мехарад. Моҳи марти соли ҷорӣ Маск номи ҳуқуқии ширкатро аз Twitter ба X Corp табдил дода буд.

XS
SM
MD
LG