Ссылки доступа

Эътирози ним миллион нафар алайҳи ислоҳоти додгоҳӣ дар Исроил


Дар Исроил ба зидди ислоҳоти додгоҳӣ эътироз доранд.

Ба гузориши расонаҳо, то кунун ним миллион нафар ба он пайвастаанд. Ин тазоҳуроти бузургтарин дар таърихи Исроил аст.

Эътирозҳои густурда даҳ ҳафта боз алайҳи ислоҳоте ҷараён дорад, ки тарҳашро ҳукумати Бенямин Нетаняҳу пешниҳод кардааст.

Бар асоси он, додгоҳҳо имкони лағви қарорҳои ҳукуматро нахоҳанд дошт. Чизе, ки ба гуфтаи эътирозгарон, маънои аз даст додани мустақилии додгоҳҳоро дорад.

Бенямин Нетаняҳу, ки моҳи декабри соли гузашта дигарбора сарвазири Исроил интихоб шуд, бар ин бовар аст, ки ҳадафи эътирозгарон барканории ӯ аз қудрат аст.

Баъзе аз тазоҳургарон, воқеан, истеъфои Нетаняҳуро талаб доранд. Дар ҳоли ҳозир алайҳи Нетаняҳу се парванда боз шудааст, аммо худи ӯ ҳар гуна иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG