Хабаргузории "France-24" иттилоъ дода, ки рӯзи якшанбеи гузашта дар натиҷаи ҳамлаи хунини як гуруҳи ҷиноӣ ба зиндони пойтахти Ҳоитӣ ҳазорҳо маҳбус фирор кардааст.
Мақомоти Ҳоитӣ барои барқарор кардани тартибот дар саросари ин кишвар вазъи фавқулода ва аз соати 18:00 то соати 5-и субҳ қуюди шабона эълом кардаанд. Қуюди шабона дар минтақаҳои ғарбии кишвар, ки пойтахти Ҳоитӣ дар онҷо ҷойгир аст, ҷорӣ шудааст.
Ҳукумати Ҳоитӣ гуфтааст, дар сурати зарурат вазъи фавқулода ва қуюди шабона тамдид мешавад.
Ба гуфтаи манбаъҳои расмӣ, дар маҳбасе, ки 3800 кас нигаҳдорӣ мешуд, ҳудуди 100 зиндонӣ боқӣ мондааст.