Ссылки доступа

Туркия аз афроде, ки вориди ин кишвар мешаванд, изи ангушт мегирад


Туркия аз афроде, ки вориди ин кишвар мешаванд, изи ангушт мегирад. Дар ин бора вазири корҳои дохилии он кишвар Алӣ Ерликая хабар додааст.

"Вазири корҳои дохилӣ аз тарҳи муҳими ояндадоре хабар дод, ки ҳангоми вуруд ба Туркия мисли ИМА ва Бритониё изи ангушт гирифта мешавад", - омадааст дар хабарномаи вазорати корҳои дохилии Туркия.

Вай афзудааст, ҳоло дар Туркия 4,437 млн муҳоҷир қарор дорад. Аз ин теъдод 3,103 млн шаҳрвандони Сурия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG