"Вазъи аз назорат хориҷ шудааст" - гуфт сарвазири Тринидад ва Тобаго Кит Роулӣ. Дар Тобаго рӯзи якшанбеи 11 феврал ҳолат фавқулода эълом шудааст.
Нафти ба об рехта наздики 15 километр хати соҳилро олуда кардааст. Барои пок кардани соҳил қариб ҳазор ихтиёрӣ ба хадамоти ҳолатҳои фавқулода пайвастаанд. Ба сокинони деҳаҳои наздики ҷои ҳодиса тавсия додаанд, ки ниқоб пӯшанд ва ё муваққат манзилҳои худро тарк кунанд.
Ин киштии 100-метра рӯзи 7 феврал чаппа шуда буд. Мақомоти Тобаго гуфтаанд, киштӣ мумкин аст, ба киштии дигаре пайванд буд.