Ссылки доступа

Муовини сарвазири Словакия гуфт, ба ҷони Роберт Фико чизе таҳдид намекунад


Муовини сарвазири Словакия Томас Тараба гуфт, ба ҷони сарвазири ин кишвар Роберт Фико, ки дар пайи як сӯиқасд захмӣ ва ҷарроҳӣ шудааст, чизе таҳдид намекунад.

Тараба дар суҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошта, ки то ҷое медонад, ҷарроҳии сарвазири Словакия "хуб гузаштааст. "Дар ниҳоят бар инам, ки ӯ зинда мемонад", - афзудааст вай.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Роберт Фикоро парронданд. Ҳодиса нимаи дувуми 15-уми май пас аз ҷаласаи ҳукумати Словакия иттифоқ уфтод.

Он ҳангом Роберт Фико дар наздикии Братислава ва дар миёни издиҳом қарор доштааст. Рӯзноманигорони шоҳиди ҳодиса гуфтанд, 5 садои тир шунида шуд.

Гумонбар дар маҳалли ҳодиса дастгир шудааст. Пулис то ҳол шахсияти ӯро ошкор накардааст.

Вазири корҳои дохилии Словакия Матуш Шутай-Эшток гуфт, сӯиқасд ба ҷони Фико ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG