Ссылки доступа

Мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина гуфт, неруҳои украин ҳамлаи ҷавобиро шуруъ кардаанд


Михаил Подоляк, мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина гуфт, ки ҳамлаи ҷавобии Неруҳои мусаллаҳи Украина шуруъ шудааст.

"Ҳамлаи ҷавобӣ чанд рӯз аст, ки идома дорад, ин ҷанги шадид дар тӯли 1500 км марз аст, аммо ҳаракат шуруъ шудааст", - гуфт вай дар суҳбат бо расонаҳо.

Подоляк афзуд, Украина тасмим надорад, бо аслиҳае, ки аз ҳампаймононаш гирифтааст, ба ҳудудҳои Русия зарба занад. Вай гуфт, ин аслиҳа барои зарба задан ба мавқеҳои Русия дар ҳудудҳои ғасбшуда, аз ҷумла Донбасс ва Қрим истифода бурда мешавад.

"Ҳоло мо мушакҳои дурпарвози Storm Shadow, тонкҳои Leopard, низомҳои зиддимушакие дорем, ки Фаронсаву Италия ба мо додаанд. Ҳавопаймоҳои F-16 билохира ба мо имкон медиҳанд, ки фазои худро муҳофизат кунем", - гуфт Подоляк. Вай илова кард, ки "агар як сол пеш F-16 медоштем, ҷанг ҳоло тамом шуда буд".

XS
SM
MD
LG