Ссылки доступа

Украина гуфтугӯҳои расмиро барои пайвастан ба ИА оғоз мекунад


Дар Люксембург конфронсе баргузор мешавад, ки маънои оғози гуфтугӯҳо дар бораи пайвастани Украина ва Молдова ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА)-ро дорад.

"Мо дар остонаи як лаҳзаи калидӣ барои ин ду кишвар қарор дорем. Бо ҳам метавонем як Аврупои бузургтар ва ояндадортареро бисозем. Роҳи оянда осон нест, вале пур аз имкониятҳои бузург хоҳад буд", - гуфта шудааст дар изҳороти раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен.

ИА 14 июн чаҳорчӯби гуфтугӯҳо дар бораи пайвастани Украина ва Молдоваро ба иттиҳод тасдиқ кард. Дар ҷараёни конфронсҳои байниҳукуматии Иттиҳоди Аврупо бо ҳар яке аз ин кишварҳо имрӯз эълон хоҳад шуд, ки гуфтугӯҳо шуруъ шуданд. Вале оғози гуфтугӯҳо маънои онро надорад, ки ду кишвар ба зудӣ узви ИА мешаванд.

Украина мехоҳад, то соли 2030 узви ИА шавад. Аммо Киев пеш аз ҳама бояд даҳҳо ислоҳот, аз ҷумла ислоҳот дар мақомоти идорӣ, додгоҳӣ ва мубориза бо фасодкориро анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG