Ссылки доступа

Украина зарба ба Севастополро омодагӣ ба ҳамлаи ҷавобӣ унвон кард


Пожар на нефтехранилище в аннексированном Севастополе, 29 апреля 2023 года
Пожар на нефтехранилище в аннексированном Севастополе, 29 апреля 2023 года

Ҳамла ба анборҳои нигаҳдории нафт дар Севастополи аз сӯи Русия ғасбшуда - ин ҷузъи омодагии Киев ба ҳамлаи ҷавобӣ аст. Дар ин бора Наталя Гуменюк, намояндаи неруҳои мудофиаи Укарина хабар дод.

Гуменюк гуфт, баъди оташсӯзӣ дар пойгоҳи нафт низомиҳои Русия ба ташвиш уфтодаанд, онҳо талош доранд, ки хонаводаҳояшонро кӯчонанд ва дар сурати мавҷуд будани имконият худ низ Қрими ғасбшударо тарк кунанд.

"Ин иқдом омодагӣ ба ҳамлаи ҷавобии густарда аст, ки бисёриҳо онро интизоранд", - гуфт Гуменюк.

Оташсӯзӣ дар анборҳои нигаҳдории нафт дар Севастопол рӯзи шанбеи 29 апрел рух дод. Чаҳор анбор оташ гирифта, касе осеб надидааст. Мақомоти аз сӯи Русия таъйиншудаи Севастопол гуфтанд, ба анборҳо ду бесарнишин ҳамла кардааст.

Владимир Зеленский, президенти Украина дар рӯзи ҳамла ба анборҳои нафт бо расонаҳои ғарбӣ суҳбат мекард ва бори дигар тазаккур дод, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ неруҳои Украина тасмим доранд, назоратро ба ҳудудҳои аздастрафта, аз ҷумла Қрим баргардонанд. Дар ҷавоб раиси русиягии порлумони Қрим Владимир Константинов гуфт, ки талоши Киев барои ҳамла ба Қрим посухи шадид хоҳад гирифт.

Украина ҳадаф дорад, ҳамаи ҳудудҳои аз сӯи Русия ғасбшудааш, аз ҷумла Қрим ва қисме аз вилоятҳои Донетск, Луганск, Херсон ва Запорожеиро дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобӣ баргардонад. Санаи дақиқи оғози ҳамлаи ҷавобии Украина маълум нест.

XS
SM
MD
LG