Ссылки доступа

Украина дар бораи даъвати бештар аз 160 кишвар ба "саммити сулҳ" хабар дод


Ба "саммити сулҳ"-и ҷаҳонӣ, ки қарор аст дар Швейтсария баргузор шавад, намояндагони бештар аз 160 кишвари дунё даъват хоҳанд шуд. Дар ин бора роҳбари Дастгоҳи президенти Украина Андрей Ермак хабар дод.

Ба гуфтаи вай, даъватномаҳои расмӣ омода шудаанд ва дар ояндаи наздик ирсол мешаванд.

Русия дар шумули даъватшудаҳо нест. Ермак гуфт, имкони иштироки Русия дар "формулаи сулҳ" танҳо дар сурате баррасӣ мешавад, ки дар саммити Швейтсария роҳбарони дунё нақшаи мушаххас оид ба Украина ва бартарафсозии оқибатҳои хушунат нисбати онро таҳия мекунанд.

Санаи баргузории саммит эълом нашудааст. Пештар мақомоти Швейтсария, ки розӣ шуданд, ин саммитро бо дархости Украина баргузор кунанд, гуфта буданд, тасмим доранд, онро "то тобистон" ташкил кунанд.

"Формулаи сулҳ", ки аз сӯи президенти Украина Владимир Зеленский пешниҳод шудааст, аз ҷумла комилан берун бурдани артиши Русия аз Украина ва барқарории марзҳои ин давлатро ба вазъияти соли 1991 дар назар дорад. Мақомоти Русия ин формуларо ғайри қобили қабул унвон кардаанд. Мақомоти Русия ҳамчунин мегӯянд, баррасии нақшаҳо дар мавриди Украина бидуни иштироки Русия бенатиҷа хоҳанд буд. Владимир Путин, президенти Русия ду маротиба гуфт, ки Русия аз ҳудудҳои "ғасбкардааш" дар Украин даст намекашад.

XS
SM
MD
LG