Ссылки доступа

Шикояти Украина ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо: Русия ба ғайринизомиён ҳамла мекунад


Здание Европейского суда по правам человека в Страсбурге
Здание Европейского суда по правам человека в Страсбурге

Украина алайҳи Русия ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят бурда, Маскавро дар мудохилаи низомӣ ва ҳамлаҳои ҳадафмандона ба ғайринизомиён муттаҳам кардааст.

Шикояти Киев рӯзи 23 июн пазируфта шуд ва шаби гузашта Роберт Спано, раиси Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо онро ба додрасҳо супурд, гуфта мешавад, дар баёнияи матбуотии додгоҳи Страсбург. Ба иттилои манбаъ, ҷониби Русияро дар ин маврид огоҳ кардаанд.

Дар шикоятнома Федератсияи Русия ба нақзи оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқи башар дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина муттаҳам мешавад. Ба иддаои Киев, сарбозони рус ва дигар неруҳои мусаллаҳи таҳти назорати Русия ҳазорон ғайринизомиро куштаву захмӣ кардаанд, садҳо манзили маскуниро хароб намудаанд, миллионҳо нафар маҷбур шудаанд, то хонаҳои худро тарк кунанд.

Украина Русияро ба нақзи як қатор ҳуқуқҳои дар Конвенсияи ҳуқуқи башари Аврупо сабшуда, монанди ҳуқуқ ба зистан, манъи шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ, ҳуқуқ ба озодӣ ва амният, ҳуқуқ ба таҳсил ва озодии ҳаракат муттаҳам мекунад. Рӯзи 16 март Русия барои ҳамла ба Украина аз Шӯрои Аврупо хориҷ карда шуд.

Шурӯъ аз 16 сентябр Русия мақоми узвият дар Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи башарро аз даст медиҳад. 11 июн президенти Русия Владимир Путин тарҳи қонунеро имзо кард, ки ба иҷро накардани қарорҳои Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо, ки пас аз 15 марти соли 2022 бароварда шудаанд, таъкид мекунад.

Раҳбари созмони ҳуқуқи башари “Агора” Кирилл Коротеев мегӯяд, ин лоиҳаи қонун хилофи Конвенсияи Аврупо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аст. Бар асоси ин санад, Русия муваззаф аст ҳукмҳои ниҳоии Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупоро вобаста ба ҳар парвандае, ки тараф ба ҳисоб меравад, бечунучаро иҷро кунад.

XS
SM
MD
LG