Ссылки доступа

Амрико ба Украина $27 млрд кумак кардааст


Сарвазири Украина Денис Шмигал гуфт, ки кишвараш аз Амрико 3,9 миллиард доллар кумаки бебозгашт дарёфт кард.

Ба гуфтаи Шмигал, ин пулҳо ба харҷҳои афзалиятноки буҷаи Украина, аз қабили маоши омӯзгорону кормандони наҷот ва кумакҳои иҷтимоӣ равона хоҳанд шуд.

Ӯ мегӯяд, Вашингтон дар соли равон ҷамъан ба Украина 7,8 миллиард доллар кумак кардааст. Шмигал ба ИМА ва Бонки ҷаҳонӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии Украина миннатдорӣ баён карда, гуфт, "ин кумакҳо ба Киев имкон медиҳанд, ки давраи буҳрони молиро пушти сар кунад".

Ҳаҷми кумакҳои Амрико ба Украина аз оғози ҳамлаи Русия ба 27 миллиард доллар расидааст.

Сенати Амрико моҳи апрели имсол бастаи нави кумакҳои низомиро қабул кард, ки дар он барои Украина беш аз 60 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG