Ссылки доступа

Русия ва Украина бори дигар асиронро табодул карданд


Украина ва Русия бори дигар асирони низомиро табодул карданд. Тибқи иттилои вазорати дифои Русия ва раиси дастгоҳи президенти Украина Андрей Ермак, ин бор 101 низомии рус ва 101 украинӣ табодул шуданд.

Ба гуфтаи Ермак, дар натиҷаи ин табодул 100 низомӣ ва муовини шаҳрдори Энергодари Украина Иван Самойдюк, ки моҳи марти соли гузашта аҳз тарафи низомиёни рус рабуда шуда буд, ба ватан баргаштанд.

"Дар миёни низомиёни табодулшуда, марзбонон, аскарони горди миллӣ ва қувваҳои мусаллаҳи Украина низ ҳастанд. Бештари онҳо ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд", - изҳор дошт раиси дастгоҳи президенти Украина.

Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки низомиёни табодулшудаи ин кишвар барои табобат тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Москва интиқол дода мешаванд.

Русия ва Украина бори охир асирони худро ибтидои моҳи феврал табодул карда буданд. Он замон 63 русиягӣ бо 116 украинӣ табодул шуда буд.

XS
SM
MD
LG