Дар ин бора дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Украина гуфта шудааст. Мақомоти украинӣ гуфтаанд, ки аз аъзои доимии шӯро - Фаронса, Бритониё, ИМА ва Чин посухи муносибро интизор ҳастанд. Русия низ узви доимии созмон аст ва метавонад аз ҳаққи вето истифода кунад.
"Изҳороти ахири Русия дар бораи хоҳиши ҷойгиркунии силоҳи ҳастаӣ дар Белорус боз як қадами иғвоангезонаи режими ҷиноии Путин аст, ки асосҳои Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ва дар умум низоми амнияти байналмилалиро хатчадор мекунад", - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Украина.
Ин ниҳод ҳамчунин аз ҷомеаи Белорус даъват кардааст, ки "ба ҷойгиркунии силоҳи ҳастаии Русия дар ватани худ иҷозат надиҳанд". Намояндагони НАТО қарори эҳтимолии Путинро "хатарнок ва бемасъулиятона" номиданд.
Телевизиони давлатии "Россия-24" рӯзи шанбе мусоҳибаи Путинро нашр кард. Путин дар он гуфт, Русия мехоҳад, силоҳи ҳастаии худро бо дархости президенти Белорус Александр Лукашенко дар он кишвар ҷойгир кунад.