"Ҳамагӣ 300 метр дуртар аз реакторҳои неругоҳи атомӣ таркиши бузург рух дод. Бинои неругоҳ дар натиҷаи ларзиш осеб дида, беш аз 100 тиреза шикаст. Яке аз агрегатҳои неругоҳи Александровская, ки як қисми маҷмааи энергетикии Украинаро ташкил медиҳад, аз кор монд ва барқ дар се хати баландшиддат хомуш шуд", - омадааст дар иттилоияи ширкати "Энергоатом"-и Украина.
Дар натиҷаи партоби мушак ягон корманди неругоҳ осеб надидааст ва Вазорати мудофиаи Русия низ то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.
"Неругоҳи атомии Украинаи ҷанубӣ" дар шимоли вилояти Николаеви Украина ҷойгир буда, аз хати ҷанг беш аз 100 километр дур аст. Низомиёни рус дар рӯзҳои нахустини ҷанг талош карданд, ки ба он бирасанд, аммо муваффақ нашуданд.