Ссылки доступа

Кӯчаи наздики сафорати Русияро дар Лондон ба ранги парчами Украина наққошӣ карданд


Улица перед консульским отделом посольства России в Лондоне, 23 февраля 2023 года
Улица перед консульским отделом посольства России в Лондоне, 23 февраля 2023 года

Фаъолони созмони бритониёии Led By Donkeys рӯзи 23 феврал кӯчаи наздики бахши консулии сафорати Русияро дар Лондон ба ранги парчами Украина дароварданд.

Ташаббускорони ин иқдом гуфтанд, ба ин шева онҳо дар солгарди ҳамлаи Русия ҳамраъйии худро бо Украина ба намоиш гузоштанд. Ҳангоми ранг кардани кӯча фаъолон мошинҳо ва дучархасаворонро нигаҳ дошта, огоҳ карданд, ки бояд оҳиста биронанд.

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия ин иқдоми фаъолонро "рафтори беҳунаронаи ақлбохтагон" номид. "Хоби ваҳмноки Бандера: дипломатҳои Русия дар Лондон парчами миллии Украинаро помол мекунанд, ки онро пайравони Бандера густурдаанд", - навишт вай дар саҳифаи телеграм.

Гуруҳи Led By Donkeys соли 2018 таъсис шудааст. Ин гуруҳ мухолифони Брекзит ва мунтақидони Ҳизби муҳофизакори Бритониёро муттаҳҳид мекунад.

XS
SM
MD
LG