Ссылки доступа

Ба идораи қазоқистонии сомонаи Ulysmedia.kz қуттии пӯри гӯштро бо акси фарзандони сармуҳаррир фиристоданд


Афроди ношинос ба идораи қазоқистонии сомонаи Ulysmedia.kz қуттии пури гӯштро бо акси фарзандони сармуҳаррири сомона ирсол карданд. Дар ин бора сармуҳаррир Самал Иброева хабар дод.

Пулис ба идораи сомона омада, аз қутти изи ангушт гирифтааст.

"Президент ҳарчанд дастур додааст, ки ҳамла ба рӯзноманигорон дар Қазоқистон таҳқиқ шавад, аммо ҳанӯз маълум нест, пӯшти ин кор кӣ меистад. То ин замон ман борҳо бо таъқиб рӯ ба рӯ шудам", - гуфт Самал Иброева.

Вай ирсоли қуттиро "талоши тарс додани кормандони сомона" унвон кард.

Пештар аз ин дар моҳи январ сомонаи Ulysmedia.kz-ро рахна ва аксҳои сармуҳарриру аҳли хонаводаашро нашр карда буданд.

XS
SM
MD
LG