Носсирӣ соли 1945 дар Эрон таваллуд шуда буд. Вай соли 1974 ба ҷустуҷӯии модараш ба Лондон сафар кард.
Аз соли 1977 то 1981 ин мард аз шаш кишвар паноҳандагӣ хост ва дар ниҳоят дар Белгия паноҳандагӣ ёфт ва дар китобхонае ба кор даромад. Соли 1988 Носсирӣ тасмим гирифт, ки ба Бритониё равад. Вай аз тариқи Порис мехост, ба Лондон парвоз кунад. Носсирӣ бидуни ҳуҷҷат ба Лондон парвоз кард, аммо ӯро дубора ба Порис баргардониданд. Вай ҳаққи вуруд ба Фаронсаро надошт ва дар фурудгоҳ боқӣ монд.
Носсирӣ дар терминали 2F қарор гирифт. Вай онҷо чанд курсиро банд кард. Марди эронӣ ҳамроҳи худ як ароба дошт, ки дохилаш анҷомҳояш буд. Вай рӯзҳояшро бо хотиранависӣ ва хондани маҷаллаву рӯзномаҳо сипарӣ мекард.
Соли 1999 Носсирӣ дар Фаронса паноҳандагӣ пайдо кард, аммо ба зиндагӣ дар терминал то соли 2006 идома дод.
Ин марди эронӣ таваҷҷуҳи расонаҳо ва коргардони ҳоллливудӣ Стивен Спилбергро ҷалб кард. Коргардон соли 2004 аз рӯи саргузашти Носсирӣ филми "Терминал"-ро офарид.
Баъди нашри филм рӯзномаҳо бо Носсирӣ мусоҳиба карданд ва дидорҳояш бо рӯзноманигорон бештар шуд.
Соли 2006 Носсирӣ бемор шуд ва ӯро ба бемористон бурданд. Баъди ин вай аз даромаде, ки аз филми Спилберг ҳосил мекард, дар меҳмонхона иқомат ихтиёр кард.
Чанд ҳафта пеш Носсирӣ ба терминали 2F баргашт ва рӯзи 12 ноябр онҷо фавтид. Аз ҷайби Носсирӣ чанд ҳазор еврои нақд пайдо шудааст.