Ссылки доступа

"Ду метр поинтар аз меъёр." Чаро обанбори "Норак" пур нашуд?


Бо вуҷуди фаро расидани моҳи севуми тобистон, обанбори нерӯгоҳи "Норак", манбаи асосии тавлиди барқ дар Тоҷикистон, ба қадри кофӣ аз об пур нашудааст. 

Дар моҳҳои феврал-марти имсол камбуди ҷиддии барқ пеш омад ва мақомот сабаби онро кам шудани об дар ҳамин обанбор гуфта буданд.

Намояндагони нерӯгоҳи барқи обии "Норак" дар охири моҳи июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфтанд, сатҳи об дар обанбор "ду метр поинтар аз қадри зарурӣ аст".

Ба гуфтаи масъулон, ҳар сол дар ин моҳ обанбор пур буд ва оби зиёдатӣ ба дарё ҷорӣ мешуд. Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, сармуҳандиси нерӯгоҳи "Норак". гуфт, ҳоло об ба сатҳе нарасидааст, ки "мо обро партоем".

Дар нерӯгоҳи "Норак", ки бо нуҳ агрегат ҳоло бузургтарин дар Тоҷикистон аст, чархаҳои нав мегузоранд, чун пешинаҳояш фарсуда шудаанд. Чархаи панҷуми нерӯгоҳ ҳоло ба таври озмоишӣ ё санҷишӣ кор мекунад.

Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Норак, ба назди хабарнигорон гуфт, чархаи панҷум рӯзҳои наздик расман ба истифода дода хоҳад шуд, аммо санаи мушаххасеро нагуфт.

"Норак" дар ҷануби Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ сохта шудааст. Ин ва неругоҳҳои дигари Тоҷикистон қодиранд, кишварро дар фасли тобистон бо барқи кофӣ таъмин кунанд, аммо мардум дар тирамоҳу зимистон ҳамеша аз камии нерӯи барқ ранҷ мекашанд. Ҳоло ки оби кофӣ дар неругоҳ барои зимистон ҷамъ нашудааст, нигаронӣ ин аст, ки моҳҳои оянда хонаҳои мардум бештар торику сард мемонанд.

Сокинони Тоҷикистон дар охири зимистон ва аввали баҳори имсол ба камбуди барқ рӯбарӯ шуданд ва бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон шабонарӯз танҳо 2-3 соат барқ мегирифтанд. Ҳарчанд мақомот ваъда дода буданд, ки ба мардум ҳашт соат барқ медиҳанд. Бархилофи солҳои гузашта, имсол дар пойтахт ҳам ба мардум тибқи реҷа барқ медоданд ва ин вазъ зиндагии сокинонро дар баландошёнаҳо мушкил кард.

Мақомот камбуди барқро ба паст шудани об дар обанбори Норак рабт дода, як гуруҳ блогерон ва рӯзноманигорони расонаҳои давлатиро ба неругоҳи Норак бурданд. Фарзияҳое ҳам садо дод, ки фурӯши барқ ба Афғонистон сабаби камбуди он дар дохили кишвар шудааст.

Таъмини аҳолӣ бо барқ яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бунёди нерӯгоҳҳои зиёд то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

XS
SM
MD
LG