"ИМА омода аст, мардуми Украинаро ҳимоят кунад, ки барои истиқлоли худ меҷангад. Дар доираи ин масъулият, ман бо ифтихор эълом мекунам, ки бузургтарин бастаи кӯмаки низомӣ: қариб 2,98 млрд доллар ба Украина ирсол карда мешавад", - гуфт вай.
Ин кӯмак, ба гуфтаи Байден, ба Украина имкон медиҳад, низоми зиддимушакӣ, низомҳои артилерӣ ва муҳимоти дигари ҷангӣ ба даст орад.
"Дар шаш моҳи охир украинҳо бо мардонагиву садоқаташон ба озодӣ тамоми дунёро дар ҳайрат оварданд. Онҳо устуворона ва собитқадам зидди ҳамлаи Русия ба Украина истодагарӣ карданд. Ва имрӯз мо на танҳо гузаштаро таҷлил мекунем, балки тасдиқ мекунем, ки Украина ягонаву мустақил мемонад ва хоҳад монд", - гуфт Ҷо Байден.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19 август президенти ИМА фармони ҷудо кардани 775 миллион долларро барои кӯмаки низомии Украина имзо карда буд.