Дар мусоҳиба бо нашрияи итолиёии Corriere della Sera Усмонов ҳамлаи Русияро ба Украина маҳкум накард, аммо аз он низ ҷонибдорӣ нанамуд, танҳо гуфт, ки умедвор аст, амалиёти низомӣ хотима ёбад.
Усмонов афзуд, таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, ки нисбати вай ҷорӣ шудаанд, на танҳо ба тиҷораташ, балки ба нуфузаш ҳам таъсир расонидаанд. Ин тоҷир, ки бино ба баҳогузории маҷаллаи Forbes, дар миёни сарватмандони Русия дар мақоми 8 қарор дорад, гуфт, ӯро намешавад, аз олигархҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путин унвон кард ва ба ин далел таҳримҳо нисбати вай беадолатона ҳастанд.
"Замоне, ки одамонро ба далели сарват ё шиносномаи ҷайбашон тақсим мекунанд, мо аз таърих медонем, ки чи гуна пайомадҳо хоҳад дошт. Агар масъулияти дастаҷамъӣ амал кунад, адолат мемирад", - гуфт Усмонов.
"Дӯстон чунин рафтор намекунанд", - гуфт Алишер Усмонов бо ишора ба ҳабси дороиҳояш дар Сардинии Итолиё.
Алишер Усмонов - саҳмдори ширкати USM, ки ин ширкат "Металлоинвест", "Удоканская медь" ва "МегаФон"-ро мутаҳҳид мекунад. Иттиҳоди Аврупо нисбати вай 28 феврали соли 2022 таҳрим ҷорӣ кард. Иттиҳоди Аврупо гуфт, Усмонов "бо президент Владимир Путин робитаи наздик дорад". Усмонов талош кард, ки таҳримҳоро тавассути додгоҳ бекор созад, вале ин шикоят ҳанӯз баррасӣ нашудааст.