Ссылки доступа

Алишер Усмонов аз Иттиҳоди соҳибкорони Русия хориҷ мешавад


Алишер Усмонов, сарватманди узбектабори Русия дархост кардааст, ки узвияташ дар Раёсати бюрои Иттиҳоди саноатгарон ва соҳибкорони Русия қатъ карда шавад. Вай гуфтааст, ба нафақа мебарояд.

Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ дар Иттиҳоди соҳибкорон хабар доданд.

Ба навиштаи расонаҳо, ин дархости Усмонов рӯзи 25 январ баррасӣ хоҳад шуд.

Алишер Усмонов 49 дарсади саҳмияҳои ширкати USM-ро дар ихтиёр дорад, ки ин ширкат дар навбати худ ширкатҳои "Металлоинвест", "Удоканская медь" ва "МегаФон"-ро соҳибӣ мекунад. Усмонов ҳамчунин нашрияи "Коммерсантъ"-ро соҳиб аст.

ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё соли гузашта нисбати ин сарватманд, дар робита ба ҳамлаи Русия ба Украина, таҳрим ҷорӣ карданд. Кишварҳои ғарб Усмоновро шахси наздик ба Кремл медонанд ва ба ин далел, ӯро дар сармоягузории хушунат нисбати Украина айбдор мекунанд. Дороиҳои Усмонов дар Иттиҳоди Аврупо ва Бритонё баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

XS
SM
MD
LG