Ссылки доступа

Дар Узбекистон лавҳаи таблиғотии "Ба зани дуввум ғамхорӣ кунед"-ро барчиданд


Дар Узбекистон мақомот дастур доданд, ки овезаи таблиғотии ширкати Mobile Retail (Elmakon) барчида шавад. Дар он таблиғот аз сокинон даъват мешуд, ки "Ба зани дуввум ғамхорӣ кунед".

Таблиғоти мазкур дар чанде аз минтақаҳои Узбекистон насб шуда буд. Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Узбекистон гуфт, таблиғоти ширкат "ғайриахлоқӣ ва ноҷост", хилофи талаботи қонун дар бораи таблиғот, инчнуни "хилофи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа" аст.

Кумитаи мазкур гуфт, ҳамаи лавҳаҳои таблиғот дар бораи "зани дуввум" барчида шудаанд.

Азиз Абдумаҷидов, намояндаи ширкати Mobile Retail дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки дар Узбекистон "мошинро зани дувум меноманд ва ба ин далел нисбати мошин бояд ғамхорӣ зоҳир кард".

"Бо услуби киноя василаҳои мухталифро барои мошин хостем таблиғ кунем. Ба мардум писанд омад. Ҳама акси онро бознашр мекунанд. Танҳо дар сурате таблиғи зани дуввум ба ҳисоб меравад, ки агар одам маъракаҳои таблиғоти муосирро дарк накунад", - гуфт Абдумаҷидов.

Дар Узбекистон бисёрҳамсарӣ манъ аст. Дар сурати шикастани қонун, ҷарима дар ҳаҷми аз 50 то 100 нишондиҳанда, ё корҳои ислоҳӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG