Ссылки доступа

Тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон баҳсҳоро дар Қарақлпоқистон ба бор овард


Бывший председатель Жогорку Кенеша Республики Каракалпакстан Муса Эрниязов (в центре) в Сенате Узбекистана
Бывший председатель Жогорку Кенеша Республики Каракалпакстан Муса Эрниязов (в центре) в Сенате Узбекистана

Тарҳи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон", ки рӯзи 26 июн ба муҳокимаи умум гузошта шуд, миёни сокинони Қарақалпоқистон баҳсҳоеро ба вуҷуд овардааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Қарақалпоқистонро аз тарҳи нави Конститутсия хориҷ кардани мафҳуми "истиқлол"-и Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ва ибораи "ҳаққи мардуми ҷумҳурӣ барои ҷудошавӣ дар асоси раъйпурсӣ" нигарон кардааст.

Ба як саҳифаи Telegram, ки таҳти номи "Конститутсия Қарақалпоқистон" рӯзи 26 июн таъсис шудааст, якбора 100 ҳазор корбар обуна шудаанд. Ин обуначиҳо ба эътироз даъват доранд. Субҳи 27 июн дастрасӣ ба Интернет дар шаҳри Нуқус, маркази маъмурии Қарақалпоқистон маҳдуд шудааст.

Дар Конститутсияи амалкунандаи Узбекистон Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор нишон дода шудааст, ки истиқлолаш аз сӯи Узбекистон муҳофизат мешавад. Ба илова, тибқи Конститутсияи амалкунанда, Қарақалпоқистон ҳақ дорад, аз ҳайати Узбекистон хориҷ шавад. Дар матни нави Конститутсия пешниҳод доранд, Қарақалпоқистон аз ин ҳақ маҳрум гардад.

Нашрияҳои Узбекистон бо такя ба комисияи ислоҳоти Конститутсия менависанд, ин пешниҳод аз сӯи вакилони порлумони Қарақалпоқистон таҳия шудааст.

Тарҳи ислоҳот ба Конститутсияи Узбекистон рӯзи 25 июн ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон моҳи декабри соли 2021 пешниҳод кард, ки ба Конститутсияи он кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Дар тарҳи тағйиру иловаҳо ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки муҳлати президентӣ аз 5 соли кунунӣ ба 7 сол тамдид шавад, инчунин ду давраи роҳбарии президенти кунунӣ "ба сифр" баробар карда шавад. Ин маънои онро дорид, ки Мирзиёев бори дигар метавонад, номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.

Қарақалпоқистон аз се як қисми Узбекистонро ташкил медиҳад. Вилояти мухтори Қарақалпоқистон соли 1930 аз ҳайати Қазоқистон Шӯравӣ берун шуда, мустақиман ба итоати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид. Аз соли 1936 то соли 1990 дар ҳайати Узбекистони Шӯравӣ буд.

Соли 1990 порлумони ҷумҳурии автономии Қарақалпоқистон дар ҳайати Узбекистон эъломияи давлати мустақилро қабул кард. Аммо ҳукумати Узбекистон дар соли 1993 бо Қарақалпоқистон шартномаи 20-солаи байнидавлатӣ баст ва ин кишварро шомили Узбекистон кард.

Дар соли 2013, вақте ки муҳлати шартнома ба поён расид, онро фаромӯш карда буданд. Аъзои ҳаракати "Алға, Қарақалпоқистон", ки ин масъала бардоштанд, ҳоло фирорӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG