Ссылки доступа

Вазорати фарҳанги Узбекистон намоиши филми "Фронти шарқӣ"-ро манъ кард


Вазорати фарҳанги Узбекистон намоиши филми коргардон Виталий Манский ва Евгений Титаренко "Фронти шарқӣ"-ро манъ кард, ки дар бораи ҷанг дар Украина сабт шудааст. Ин филм мебоист дар доираи фестивали филмҳои ҳуҷҷатӣ нишон доде мешуд.

Дар ин бора Манский дар саҳифаи фейсбук хабар дод.

"Ин нахустин ҳодиса дар 4 соли мавҷудияти саҳнаи мустақили 139 Documentary Center аст. Салом "Ҷаҳони русӣ"!", - навишт вай.

Нахуст намоиши филми "Фронти шарқӣ" дар солгарди ҳамлаи Русия ба Украина - 24 феврали соли 2023 сурат гирифта буд.

Ин филм дар бораи панҷ украиние нақл мекунад, ки хонаводаҳои худро ба ақибгоҳ бурда, худ довталабона ба фронт рафтаанд. Сабти филм аз нахустин рӯзи ҳамлаи густардаи Русия ба Украина - 24 феврали соли 2022 шуруъ мешавад.

XS
SM
MD
LG