Марзбонони Туркманистон 24 июл чанд сокини маҳаллиро, ки мехостанд тавассути фурудгоҳи Ишқобод ба Русия парвоз кунанд, ба дохили ҳавопаймо роҳ надоданд.
Яке аз ин мусофирон, сокини 38-солаи Туркманобод дар ҳоҷатхонаи фурудгоҳ раги дастонашро бурида, қасди худкушӣ кардааст. Аммо ӯро пайдо карда, наҷот додаанд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон ҳоло талош доранд, сокини Туркманободро, ки мехост ба хотири пайдо кардани ҳазинаи табобати духтараш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия равад, дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ кунанд.
Ному насаби ин шаҳрванди Туркманистон гирифта намешавад.