Ссылки доступа

Боздошти рӯзноманигорон Северниҳо бо гумони тамаъҷӯӣ дар Алмато


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон боздошти рӯзноманигорон Владимир ва Наргис Северниҳоро бо гумони "тамаъҷӯӣ" тасдиқ кард.

Владимир Северний чандин сол аст, ба ҳайси хабарнигори низомӣ фаъолият мекард. Ҳамсари ӯ Наргис ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тавтеаҳои эҳтимолӣ зидди шавҳараш ба далели бозтоби мушкилоти артиш ҳушдор дода буд.

Пулиси Алмато Северниҳоро муттаҳам мекунад, ки гӯиё онҳо аз раҳбарияти ширкате барои нашр накардани матлаби манфӣ дар бораи фаъолияти он пул талаб кардаанд ва ҳангоми гирифтани як қисмати ин маблағ дастгир шудаанд.

Писари Северниҳо Ратмир дар муроҷиатномаи худ, ки дар канали "Kozachkov offside" дар Телеграм нашр шудааст, мегӯяд, пулис волидони онҳоро 20 апрел дар назди маркази тиҷории "Достык Плаза" дастгир кард.

Қаблан рӯзноманигор ва бунёдгузори канали "Kozachkov offside" Михаил Козачков шартан се сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Ӯ дар мусоидат ба "гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ"-и Елдос Коспаев айбдор мешавад.

Тибқи фарзияи оҷонс, Коспаев гӯиё аз "хидматҳои Козачков барои ҳамлаҳои иттилоотӣ зидди қурбониёни ғасбҳои рейдерӣ истифода мекардааст". Козачков гӯиё барои ин "хидматҳояш" аз гуруҳи ҷиноӣ 52 миллион танга гирифтааст.

XS
SM
MD
LG